18 август 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маркази шаҳри Исфара чароғон мегардад

210
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунӣ» дар шаҳри Исфара барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинон корҳои сохтмонӣ ва чароғонкунии маркази шаҳр оғоз гардидаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати чароғонкунии ороишии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ, роҳҳои нақлиётии дохилишаҳрӣ, равшаннамоии намои берунии биноҳои маъмурӣ, тиҷоратию хизматрасонӣ ва истгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои харидану дастрас намудани 138 адад чароғҳои ба талабот ҷавобгӯй маблағи зарурӣ ҷудо гардидааст.
Маркази шаҳри Исфара чароғон мегардад
Ҳамчунин бо ташаббуси фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободкоронаи «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» корҳои сохтмони бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб идома доранд.

Тарҳи сохтмони иншоот аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП» омода шудааст. Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, сохтмони он бо саҳми фаъолони ташаббускору саховатпешаи ҳизб аз ҷониби бинокорони ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара» анҷом дода мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво