29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қаиқронони тоҷик омодагиро ба Олимпиадаи Токио дубора шурӯъ мекунанд

238
Қаиқронони тоҷик, новобаста аз пандемия умед доранд, ки ба Олимпиадаи Токио роҳ меёбанд, хабар медиҳад «Sputnik».

Варзишгар Шаҳриёр Даминов аз ҳама бештар машқ мекунад: ӯ мутмаин аст, ки танҳо бо меҳнати пайваста метавон ба натиҷа ноил шуд.

«Пеш аз пандемия мо ба Чемпионати Осиё, ки дар он роҳхатҳо барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ бояд дода мешуданд, омодагӣ мегирифтем, аммо як ҳафта пеш аз сафар пандемия шурӯъ шуд ва ҳама чӣ бекор гардид. Мо бисёр нороҳат шудем, аммо ба ҳар ҳол тамрин лағв нашуд», — гуфт Даминов.

Ҳоло варзишгарон тамринҳои сабук мекунанд, то обутоби баданро гум накунанд.

«Аз моҳи сентябр ё октябр мо дубора дар шаҳри Норак ба тамрин шурӯъ мекунем. Мо ба даврҳои интихобӣ барои даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ омодагии ҷиддӣ мебинем», — гуфт Даминов.

Ба ҷуз писарон, духтарон низ бо умеди гирифтани роҳхатҳои олимпӣ тамрин мекунанд. Қаиқронон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар ояндаи наздик баргузор мешаванд, омодагӣ мебинанд.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта варзишгарони тоҷик Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар масофаҳои марафонӣ, ки дар шаҳри Шаосинги Чин баргузор шуд, ширкат варзиданд. Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) дар масофаи 25,90 километр медали биринҷӣ ва дар каноэи якнафарӣ (С1) дар масофаи 3,6 ҳазор метр медали нуқра ба даст овард.

ДАР АКС: Шаҳриёр Даминов.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво