29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Агентии омор доир ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

318
Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулин аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ (КМИР) мулоқоти судманд доир гардид.

Хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки дар ҳамоиш муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода вобаста ба моҳияту зарурати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, сухан гуфта, нақши овози ҳар як овоздиҳандаро дар интихоботи дар пешистода муҳим арзёбӣ намуд.

Номбурда иброз дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 комиссияи ҳавзавии интихобот таъсис дода шуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ танзим карда мешавад ва маъракаи зикргардида дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор хоҳад гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода, коршиносони КМИР Некрӯз Қодиров, Исмоил Шарифов, Комрон Давлатзода ва кормандони агентии мазкур иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво