25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рафт

283
Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ, фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рафт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои сохтмонӣ бинои маъмурӣ-таълимӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, бинои маъмурии Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб, бинои 9 ошёнаи хобгоҳи донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ барои 700 ҷой, таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ шинос шуд.

Таъкид гардид, ки сохтмони Бинои маъмурӣ-таълимӣ, хобгоҳ барои донишҷуён ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб соли 2017 оғоз гардида, фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишгари сохтмони хобгоҳи 9-ошёна барои 700 ҷой Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишгари бинои маъмурии Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар минтақаи Кӯлоб Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишгари сохтмони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёди иншооти таъйиноти гуногун бо маром ҷараён дорад, ки дар пешрафт ва ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ беназир аст.

Вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинони шаҳри Кӯлоб замина гузоштааст.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат бо фаъолияти ҶСК «Сомон-Кӯлобтаҷҳизот», идораи обу канализатсияи шаҳр ва корхонаи коммуналӣ шинос шуда, дар чанд нуқтаи шаҳри Кӯлоб иншооти обтаъминкуниро ба истифода супорид.

Мавриди зикр аст, ки сокинони шаҳри Кӯлоб аз норасоии оби ошомиданӣ солиёни зиёд аст, ки танқисӣ мекашанд. Баҳри бартарафсозии ин мушкилот ва таъмини сокинони шаҳр бо оби тозаи ошомиданӣ бо саҳми Ҳукумати мамлакат аллакай дар як муддати кӯтоҳ дар чанд нуқтаи шаҳр об бароварда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ масъулони вилоят, шаҳр ва коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлобро вазифадор намуд, ки ба хотири зиёд намудани ҷойҳои корӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон, боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ чораанедешӣ карда, аз имкониятҳои муҳайёгашта мақсаднок истифода намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво