19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муваққатан қатъ мегардад

297
Аз 25 то 29 августи соли равон бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Навсозии роҳи мазкур дар доираи лоиҳаи иншооти «Сохтмони селпарто аз маҳаллаи Нодира то дарёи Варзоб» амалӣ мегардад. Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар пойтахт вазифадор гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд»,-афзуд манбаъ.

Раиси шаҳр ҳамчунин Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо барои андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат муваззаф гардонидааст.

Ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» супориш дода шудааст, ки барои танзими алоқаи мунтазами нақлиёт дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда тадбирҳои зарурӣ андешад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво