18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оилаи Ҷалоловҳо 3 километр роҳи деҳаи Дӯстӣ-Муъминободро мумфарш менамоянд

329
Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод оилаи Ҷалоловҳо аз деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо ташаббуси сарвари оила Саидакбар Ҷалолзода тасмим гирифтанд, ки 3 километр шоҳроҳи деҳаи Дӯстӣ — Муъминободро мумфарш намоянд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод.

Ҳамчунин пас аз анҷоми мумфаршгардонӣ ин роҳ тариқи батареяҳои офтобӣ чароғон карда шуда, ҳамзамон дар шоҳроҳи деҳаи Дӯстӣ — Муъминобод ва Муъминобод-Кӯлоб истгоҳи замонавӣ ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби ин оилаи саховатпеша соли 2004 220 оила ва мактаби деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, соли 2006 атрофи мактаби деҳа панҷарабандӣ гардида, соли 2017 барои ҷавонони деҳа майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво