Соҳибкор дар шаҳри Хоруғ барои кӯдакон ҳавзи оббозӣ бунёд кард
278
Соҳибкори маҳаллӣ аз шаҳри Хоруғ Меликшо Азизов барои кӯдакону наврасони шаҳри Хоруғ каме болотар аз хонаи худ ҳавзи оббозӣ бунёд кардааст.
Дарозии ин ҳавз 8 метр буда, паҳноии он панҷ ва чуқурияш 2 метр аст. Обро ба ин ҳавз ба воситаи қубур аз чашмаи кӯҳӣ овардааст. Меликшо Азизов гуфт, ки «аксарияти кӯдакону наврасони шаҳр ва аз ҷумла, ҳамсоягону фарзандони ман ҳам дар рӯзҳои гарми тобистон барои оббозӣ ба лаби дарёҳои Ғунду Панҷ мераванд ва ҷоеро интихоб мекунанд, ки аз назари калонсолон пинҳон аст. Ин басо хатарнок аст. Аз ин рӯ ман қарор додам бо истифода аз оби чашмаи кӯҳӣ каме дуртар аз хонаам ҳавз бисозам. Як ҳафта пеш онро ба итмом расондам ва ҳоло кӯдакон аз маҳаллаҳои гуногун барои оббозӣ ба ин ҳавз меоянд». Дар назди ҳавз ҳамарӯза як ё ду нафар аз ҷавонони ин маҳал ҳам навбатдорӣ мекунанд ва ҳам ба кӯдакон усулҳои шиноварӣ меомӯзанд. Кӯдаконе, ки шиноварӣ карда наметавонанд, танҳо бо камзӯлҳои резинӣ, ки намегузоранд кӯдакон зери об раванд, роҳ дода мешаванд. Меликшо Азизов гуфт, ки «ҳоло ҳатто баъзе аз кормандони идораву муассисаҳои шаҳрӣ хоҳиш кардаанд, ки барои истироҳат ва оббозӣ чанд соат ин ҳавзро дар ихтиёрашон гузорем. Имрӯз чунин дархостро аз кормандони ширкати «Помирэнерҷӣ» дарёфт кардам. Ин ҳавз дар мобайни боғ, дар як ҷои хилвату хушманзара ва аз назари мардум дур ҷойгир аст. Аз ин рӯ духтарон низ имконият доранд дар он бемалол истироҳат ва ё оббозӣ кунанд».
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |