19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб барномаҳои илмию варзишӣ баргузор намуд

333
Ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар шаҳр барномаҳои варзишӣ ва илмӣ баргузор карда шуданд. Дар ҷараёни баргузории ин барномаҳо аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони фаъол аксияи тақсими яхмос, ширинӣ ва ниқобҳои тиббии бисёркарата гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Зимни баргузории аксия 1500 адад ширинӣ, 1000 адад яхмос ва 2500 адад ниқоб дар маконҳои серодами шаҳри Кӯлоб тақсим карда шуд.

Инчунин дар ҳамоишҳои дигаре, ки аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардиданд, бо дастгирии сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, полковники милитсия Файзулло Нозимзода аксияи мазкур идома ёфт.

Дар доираи ин аксия бо олимону шоирони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардида, ба онҳо аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб кандани зиёда аз 20 адад чоҳҳои амудӣ дар назар аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво