20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳмадсаид Зувайдзода: «Зиёда аз 200 бинову иншооти дигари Душанбе ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд»

341
Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 бо мақсади таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ дар шабакаҳои пойтахт зиёд кардани истеҳсоли гармӣ ва расонидани иқтидори он то 500 Гкал/соат ба нақша гирифта шудааст. Зиёда аз 200 иншооти дигари иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд, ки бо ин амал дар пойтахт шумораи умумии иншооти бо гармӣ таъмин ба 2511 адад мерасад. Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

Маҳмадсаид Зувайдзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар шаҳри Душанбе боз 32 адад истгоҳи замонавии нақлиётии мусофирбар сохта шуда, таъмиру навсозии роҳу пулҳо дар 8 иншоот бо дарозии 19,0 километр, дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр ва дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ба анҷом расиданд.

Дар нишаст таъкид гардид, ки дар пойтахт дар ин давра бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир ба миқдори 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид гардида, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилот ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 11,4 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар 257,3 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво