20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вахш Коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд

302
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Майдони парчам, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонии тиббӣ, Маҷмааи фарҳангии «Офтобак», Коллеҷи тиббӣ, Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти мазкур аз гармхонаҳои гулпарварии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияти хубашон баҳои баланд дод. Бунёди мағозаи гулфурӯшӣ низ иқдоми бамаврид арзёбӣ гардид.

Қурбон Ҳакимзода аз маркази савдои навсохти «Баҳор» дар маркази ноҳия дидан намуда, ба масъулин супориш дод, ки дар ороиши толор аз нақшу нигори миллию таърихӣ ва гулдӯзиҳо истифода кунанд.

Зимни боздид аз сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки таълимгоҳ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои 480 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 10 синфхона иборат аст. Ҳамзамон дар ҳамин мактаб аз тарафи соҳибкорон ва волидайн 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми ноҳияҳои водии Вахш дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, рушди сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ назаррас аст.

Ҳамчунин бо дарназардошти мавҷудияти гузаргоҳи байналмилалӣ ва бозори наздисарҳадӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияи Ҷайҳун, ҳамаи ноҳияҳои водии Вахш ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки дар самти ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда тадбирҳои мушаххас андешанд.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво