23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Амонатбонк» барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 3,4 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуд

479
Дар робита ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои худӣ имсол ба 178 нафар соҳибкор ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.

Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки сандуқи қарзии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 691,2 миллион сомонӣ ва теъдоди қарзгирон аз рӯи бақия беш аз 32 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ба соҳаҳои саноат 14 фоиз, кишоварзӣ 24 фоиз, истеъмолӣ 16 фоиз, сохтмон 7,4 фоиз, тиҷорат 27,1 фоиз, нақлиёт 9,4 фоиз ва дигар хизматрасониҳо, аз қабили сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 3,1 фоиз рост меояд.

Сироҷиддин Икромӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шашмоҳаи аввали соли равон зикр кард, ки бонки мазкур ба 22 ҳазор корхонаю ташкилот ва 743 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ беш аз 1,6 миллион нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 маркази хизматрасонии бонкӣ бо шумораи 2800 нафар кормандон дар саросари мамлакат хизмат мерасонад.

Зикр гардид, ки то 30 июни соли равон дороиҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 3,8 миллиард сомониро ташкил дода, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Инчунин дар ин давра сармояи Бонк ба андозаи 6,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 444,6 миллион сомонӣ баробар гардида, даромади софи бонк 23,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 фоиз зиёд мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво