24 январ 2022, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон таъсис меёбад

318
Бо иқдоми як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов ва Комилҷон Комилов дар шаҳри Хуҷанд Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Бунёди ин муассисаи олӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)» роҳандозӣ гардид.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Донишкадаи навтаъсис иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи факултети фанҳои дақиқ ва технология факултети муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо фарогирии ихтисосҳои ҳамгироии биология-химия, математика-физика, математика-информатика, география-иқтисодиёт, технология-информатика, экологияи умумӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, биотехнология, селексия ва тухмипарварӣ, агрохимия ва хокшиносӣ, менеҷменти инноватсионӣ ва маркетинг- дар маҷмӯъ 20 ихтисос пешбинӣ шудааст.

Донишкадаи мазкур аз 68 синфхона, 8 озмоишгоҳ, 20 кабинети фаннӣ, 5 синфи калони лексионӣ, китобхонаи электронӣ, ошхона, хобгоҳ иборат буда, имкони ба таълиму тадрис фаро гирифтани то 4500 нафар донишҷӯро дорад. Таҳсил дар донишкада тариқи шартнома буда, шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона дорад.

Омӯзонидани технологоияи муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаби замон асоси фаъолияти ин муассисаи олиро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки бо роҳандозии донишкадаи мазкур норасоии кадрҳои илмҳои дақиқ дар макотиби миёна ва таъмини мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти хоҷагии халқ мусоидат хоҳад намуд.

Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 4 муассисаи олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехтикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон фаъолият доранд.



АКСҲО аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво