6 ноябр 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рўзноманигорон аз натиҷаи фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 огоҳ гаштанд

355
Рӯзноманигорон аз натиҷаи фаъолияти  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 огоҳ гаштанд 17 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир намуд.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, муовини Раиси Кумита Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло, намояндагони васоити ахбори омма, инчунин кормандони масъули дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки Кумита ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба қисмати соҳаи сохтмону меъморӣ ва масъалаҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо баён гардиданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Пешвои миллат дар паёми худ таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Доир ба ин масъала, Кумита ҳамарӯза чораҷӯӣ намуда истода, бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ фаъолият намуда истода, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.
Дар ин давра 21 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмуъ 194 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбати ҳар як лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардид. Аз 194 лоиҳаи баррасигардида, 131 лоиҳа барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.
Дар баробари ин ба 63 лоиҳаи дигар бо зарурияти пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола баён доштанд, бо мақсади бунёд намудани хонаҳои истиқоматии зебою замонавӣ айни замон барои деҳотҷойҳо 7 варианти лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 2 ва 3 ошёна таҳия гардида, айни замон дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор дорад, барои корбарӣ ба сармеъморон ройгон пешниҳод карда мешавад.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута уҳдадор гардидаанд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.

Рӯзноманигорон аз натиҷаи фаъолияти  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 огоҳ гаштанд Ба иттилоъи Раиси Кумита дар нимсолаи якуми соли 2020 Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро ба роҳ монда, сохтмони 1011 иншоотро таҳти назорати давлатӣ қарор дод. Дар ин давра дар 1011 иншоот 1764 санҷиш гузаронида, 2945 камбудӣ ошкор карда шуд ва ба масъулини сохтмонҳо 894 амрнома дода шуда, ба 174 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 267068,0 сомонӣ ҷарима таъин карда, аз он 155670,0 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Инчунин, 52 қарор ба маблағи 110238,0 сомонӣ муҳлат дошта, 1 қарор ба маблағи 1160,0 сомонӣ бо аризаи даъвогӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Инчунин дар ин давра дар 94 иншоот оид ба иҷроиши амрномаҳои қаблан додашуда санҷиши такрорӣ гузаронида шуда, доир ба саркашӣ намудан ва сари вақт иҷро накардани талаботи амрномаи Хадамот ба 12 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 17110,0 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Бо мақсади санҷиши сифати масолеҳи сохтмонии иншоотҳои сохташаванда озмоишгоҳҳои Хадамоти назорат ва КВД “Сохтмон ва меъморӣ” тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ин давра дар 195 иншооти сохташавандаи шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба мустаҳкамии конструксияҳо ва сифати масолеҳи сохтмонӣ санҷишҳо гузаронида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ карда шуд, гуфт Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин ташкил ва таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии маркази 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдор тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад.
Аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази 50 шаҳру ноҳияҳо бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ таъмин буда, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази 3 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии маркази 9 шаҳру ноҳияҳо мавриди тасҳеҳ қарор доранд.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ 234 муроҷиат ворид гардида, аз ин ба 139 довталаб иҷозатнома дода шуд.

Ба 55 ташкилот аз ҷониби Комиссия ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷатҳои 40 довталаби дигар мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доранд.

Рӯзноманигорон аз натиҷаи фаъолияти  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 огоҳ гаштанд Ҳамзамон қайд гардид, ки дар ин давра аз ҷониби 78 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома ҳуҷҷат пешниҳод шуда, муҳлати амали иҷозатномаи 50 ташкилот тамдид карда шуд. Ба 24 ташкилот аз ҷониби Комиссия ҷавоби рад дода шуда, ҳуҷҷатҳои 4 ташкилот мавриди таҳлил қарор дорад.

Мутахассисони Кумита дар ин муддат 271 лоиҳаҳои кориро мавриди ташхис қарор доданд. Ба 220 лоиҳа хулосаи мусбӣ, ба 3 лоиҳа хулосаи манфӣ, 1 лоиҳа соқит карда шуд ва 2 лоиҳаи корӣ мавқуф гузошта шудааст. Айни замон 45 лоиҳаи корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 141 929 ҳазор сомонӣ кам карда шуд, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлгарӣ ба ҳамин маблағ арзон гардид.


Бояд қайд намуд, ки иҷрои банди 23 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, №69 таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар нимсолаи якуми соли 2020 сохтмони 29 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, 8 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 10 иншооти бе қарори Раисони шаҳру ноҳияҳо оғозгардида ошкор карда шуда, ба шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ба маблағи 28646,0 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт Кумита бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда истодааст.

Пудратчиёни генералии сохтмони иншоотҳои мазкур тариқи озмун интихоб карда шудаанд.
Кормандони ташкилоти мазкур бояд ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар мешуданд, лекин бинобар сабаби хуруҷи бемории коронавирус сафари онҳо ба таъхир гузошта шудааст.

Рӯзноманигорон аз натиҷаи фаъолияти  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 огоҳ гаштанд Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншоотҳои мазкур зери назорати мутахассисон қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронидашуда дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ охири ҳар моҳ маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда истодааст.

Раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, иншоотҳои ба муносибати ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент ва иншооти ба муносибати ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бунёдшудаистода зери назорат қарор дошта, аз натиҷаи санҷиши аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ гузаронидашуда мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шуд.

Мутахассисони Кумита барои рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани сатҳи меъмории миллӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави замонавӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин корҳои мушаххас ба анҷом расонида истодаанд.
Итминони комил дорам, ки сохтмончиёну меъморони Тоҷикистон дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагии мардуми сарбаланди Ватанамон бо масъулияти баланд ва содиқона меҳнат мекунанд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ба саволои рӯзноманигорон ҷавобхои мушаххас дода, аз ҳамкории пурмаҳсул ва таваҷҷуҳи онҳо баҳри рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Хабарнигори

«Рӯзномаи бинокорон»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво