25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вазорати адлия 19 хизматчии давлатии маъмурӣ аз мансаб озод карда шуданд

365
Дар шаш моҳи соли равон аз дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои тобеи он 19 хизматчии давлатии маъмурӣ бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз мансаб озод карда шуданд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлия Музаффар Ашӯриён иттилоъ дод.

Музаффар Ашӯриён зикр кард, ки дар пешрафти кор нақши кадрҳои баландихтисос намоён буда, вазорат ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 4 хизматчии давлатӣ барои баланд бардоштани савия ва малакаи дониш ба курсҳои кӯтоҳмудат, аз ҷумла 3 нафар ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ равон карда шуданд.

Дар нишасти мазкур зикр гардид, ки дар самти баландбардории тайёрии касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон дар нимсолаи якуми соли 2020 15 корманд ба мансабҳои хизмати давлатӣ ва ғайри хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво