Пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошем !
484
Маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 10 июли соли 2020 дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Кумита бо иштироки сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Раҳмоналӣ, намояндагони ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита доир гардид.
Маҷлисро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2020 Абдураҳимзода Нурулло Саттор сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита ва бо фармоиши Раиси Кумита Абдуллои Санъат муовини сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ таъин гардиданд. Дар давоми семоҳаи дуюми соли равон дар мувофиқа бо Кумита сармеъморони шаҳри Ваҳдат – Алоназарзода Дилшод, шаҳри Бӯстон – Мирсаидов Бадахшон, шаҳри Кӯлоб – Бозоров Нуриддин ва ноҳияи Кӯшониён – Юсупов Эмомалӣ ба вазифа таъин гардиданд. Инчунин бо фармоишҳои Раиси Кумита директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар шаҳри Душанбе – Тошмухаммедов Фаррух, шаҳри Бустон – Муллоев Меҳроҷиддин ва шаҳри Турсунзода – Ҷумаев Илҳомбек ба вазифа таъин гардиданд. Раиси Кумита мутахассисони нав ба кор таъиншударо табрик намуда, ба онҳо барори кору муваффақият орзу намуд. Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: 1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ. 2. Оид ба ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёдшаванда. Барои ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 ва гузоштани вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: - Ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Истаравшан, Ҷаббор Расулов ва Гулистон бо вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷараёни корҳои созандагӣ шинос шуда, якчанд иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро мавриди истифода қарор доданд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда пеш аз ҳама миннатдории худро ба сармеъморони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Гулистон ва сармеъмори вилояти Суғд мерасонам. Кумита ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба қисмати соҳаи сохтмону меъморӣ ва масъалаҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо баён гардиданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Пешвои миллат дар паёми худ таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад. Доир ба ин масъала, Кумита ҳамарӯза чораҷӯӣ намуда истода, бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ фаъолият намуда истода, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад. Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. таъкид намуд, ки дар ин давра 21 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмуъ 194 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбат ба ҳар як лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардиданд. Аз 194 лоиҳаи баррасигардида, 131 лоиҳа бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва ба инобатгирии он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд. Дар баробари ин, гуфт ӯ,- ба 63 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурияти пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола баён доштанд, бо мақсади бунёд намудани хонаҳои истиқоматии зебою замонавӣ айни замон барои деҳотҷойҳо 7 варианти лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 2 ва 3 ошёна таҳия гардида, айни замон дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор дорад ва бо дастрас гардидани хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ барои корбарӣ ройгон пешниҳод карда мешавад. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута уҳдадор гардидаанд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад. Дар ин давра аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” тасҳеҳи Нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маркази ноҳияи Балҷувон, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази ноҳияҳои Ёвон, Ховалинг ва Ишкошим ба анҷом расонида шуда, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Айни замон, таҳия ва тасҳеҳи Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳои Вахш, Леваканд ва таҳияи нақшаи муфассали банақшагирии маркази шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дӯстӣ идома дорад. Кумита ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 бармеояд, оиди бунёд кардани як муассисаи томактабӣ, толор ва майдончаи варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, тадбирҳои зарурӣ андешида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои чораандешӣ дар ин самт ва пешниҳоди маълумот оид ба корҳои банақшагирифташуда аз 4 июни соли 2020 мактуб ирсол намуда, бо онҳо ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, оид ба масъалаи зикршуда Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. қайд намуд, ки аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумита лоиҳаҳои кории муассисаҳои томактабӣ, толор ва майдончаи варзишӣ таҳия гардида, барои корбарӣ ба бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои банди 15 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020, 20 январи соли 2020 баён доштанд, тибқи супориши лоиҳакашӣ аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои намунавии бинои маркази ҷавонон дар шаҳрҳои Бӯстон, Турсунзода, Роғун, Ҳисор, ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод, Нуробод, Рашт, Лахш ва Сангвор бо инобати шумораи дақиқи масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда, ҳайати кории марказ, шуғлу фаъолият дар он, толору ҳуҷраҳои зарурӣ ва дигар талаботҳо таҳия гардиданд ва 7 варианти лоиҳаҳои ангоравии маркази ҷавонон барои мувофиқа ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намуд ва пас аз мувофиқа шудани варианти лоиҳаи ангоравӣ Кумита лоиҳаи кории намунавиро таҳия ва аз экспертизаи давлатӣ гузаронида, барои корбарӣ пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади бунёди беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои ангоравии беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ барои 30, 50 ва 175 кат таҳия карда шуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа карда шуд ва дар сомонаи Кумита ҷой дода шудааст. Айни замон лоиҳаҳои кории намунавии зикршуда қисм ба қисм аз баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ гузаронида шуда истодаанд ва баъд аз пурра ба расмият даровардани онҳо барои корбарӣ ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда мешаванд. Вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №195 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташудаистодаи шаҳри Саразм, аз ҷумла дар иншоотҳои “Сохтмони осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ, сохтмони “Бинои чойхона ва меҳмонхона”, сохтмони бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳр, сохтмони роҳи даромад, дарвоза ва панҷарадевор дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷааш ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардида истодааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншотҳои сохташудаистодаи ноҳияи Мастҷоҳ зери назорат қарор дошта, аз натиҷаи санҷишҳои аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ дар иншоотҳои “Варзишгоҳ барои 10000 ҷойи нишаст”, “Қасри фарҳанг”, бинои маъмурии маркази Адлия, сохтмони толори варзишии “Паҳлавонони Суғд” гузаронидашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумоти муфассал пешниҳод гардида истодааст. Ба иттилои Раиси Кумита раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ зери назорат қарор дошта, аз натиҷаи санҷиши аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ гузаронидашуда ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шуд. Кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ин давра, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта бештар фаъолият карда бошанд ҳам, вале ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо ислоҳи худро ёбанд. Дар анҷоми суханронии худ Сарвари сохтмончиёни ҷумҳурӣ иброз намуд, ки аз номи ҳамаи иштирокдорони ҷаласаи имрӯза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонам, ки мо - кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ будани онҳо, вусъат бахшидан ба фаъолияти биносозӣ ва ободу зебо кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ қарор дода, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем. Сипас, ҳисоботҳои роҳбарони ташкилотҳо: сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Абдураҳимзода Н.С., сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Саъдуллозода С.Ф., директори ҶСК «Шаҳрофар» Ишанов Б.М., директори ҶСК «Саноатсоз» Мализода Б.Ҳ., директори ҶСК «Корезлоиҳа» Худойдодзода Н.Х., директори КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» Умаров У.Х., директори КВД «Маркази нархгузорӣ» Каримзода А.Р., директори КВД «Лоиҳакаш» Шарифзода Д.Ш. ва директори МД «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» Сафарзода А.А. шунида шуд. Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёдшаванда суханронии директори Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии разанаи ягона» Сафарзода Абубакр шунида шуд . Лоиҳаи қарори пешниҳодшуда дар маҷмӯъ қабул гардид. Баъд аз хондани лоиҳаи қарори ҷамъбастии ҷаласаи имрӯза аз тарафи сардори раёсати корҳо Наврӯзов Лутфулло он аз ҷониби ҳайати мушовара ягдилона қабул гардид. Дар ҷамъбасти кори ҷаласаи ҳайати мушовараи имрӯза Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол изҳори боварӣ намуд, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти соҳа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд ва бо дарки масъулият ба ояндаи кишвар фаъолият бурда, дастуру супоришҳоро дар амал татбиқ намуда, барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро ҳар яки мо бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошем. Д.Нурзода, “РБ”
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |