29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оилаи Камоловҳо дар деҳаи Ростровути Деваштич таваллудхона месозад

396
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич Мирзоҳаким Камолов ва фарзандонаш таваллудхона бунёд намуда истодаанд. Дар ин кори хайр оилаи Камоловҳоро ҳамдиёрон дастгирӣ намуда, тасмим гирифтаанд, ки таваллудхонаро соли равон мавриди истифода қарор диҳанд.

Бинои таваллудхона аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 кат мебошад ва бо ифтитоҳи он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоат беҳтар хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ сохтмону навсозии 309 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 200 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Сокинони ноҳия ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта, барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво