4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

399
Тавре хабар додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 июли соли равон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Санадҳои мазкур дирӯз, 7 июл дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба чоп расиданд ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамоянд.

Дар зер матни пурраи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 — 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 — 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод.143, мод.144, № 7, қ.1, мод. 389, мод.390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7 — 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7 — 9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод.9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 112:

— қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Ҳамин кирдорҳо, агар дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҳудуди дахлдор, ё ин ки дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома (қарор) ё талаботи мақоме (шахсони мансабдоре), ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемӣ (профилактикӣ) ба амал мебарорад, содир гардида бошанд,

— ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то дувоздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;

— қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда, -ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то чил, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».

2. Дар моддаи 113:

— ба номи модда пас аз калимаи «эпидемия» калимаҳои «ва дигар бемориҳои сирояткунанда» илова карда шаванд;

— қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«1. Барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан,-

ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;

— матни модда қисми 2 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад.

3. Моддаи 3741 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 3741. Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ

Барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад,

— ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».

4. Дар моддаи 617:

— дар санксияи қисми 1 калимаҳои «аз сӣ то чил» ба калимаҳои «аз ҳафтод то ҳаштод» иваз карда шаванд;

— дар санксияи қисми 2 калимаҳои «аз ҳаштод то сад» ба калимаҳои «аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1698

«Ҷумҳурият», 07.07.2020 №: 124 — 125





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво