29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баррасии омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ҳузури А. Иброҳим

1355
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи кории имрӯза ду масъала-натиҷагирии иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» ва масъалагузории Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» баррасӣ шуд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода оид ба натиҷаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» гузориш дод.
Сипас роҳбарон, мутасаддиёни Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо гузориш доданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷаласаи кориро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ҷиҳати тақвияти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво