25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд ба собиқадорони ҷангу меҳнат медалҳои ҷашнӣ тақдим гардиданд

267
Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов ба собиқадорони ҷангу меҳнат, аз ҷумла ба раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Спитамен медали ҷашниро тақдим намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз музаффариятҳои бузурги халқҳои сулҳпарвар бар зидди истилогарони фашистӣ маҳсуб меёбад. Ҷавонмардони диловари Тоҷикистон дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо дар ин ҷанг шуҷоату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми арзишманд гузоштанд».

«Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар таърих аз санаҳоест, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад». Давлат ва Ҳукумати мамлакат, инчунин мардуми ҷумҳурӣ ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набарду ақибгоҳ нишондодаи фарзандони бо нангу номуси худ арҷ мегузоранд»,- афзуд раиси вилоят.

Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода саҳми собиқадорони ҷангу меҳнатро дар таъмини дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими рӯзгори босаодати мардум, тавсеаи корҳои созандагиву ободонӣ, бахусус тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ шоиста арзёбӣ намуд.

Дар ҷамъомад Алишер Шарифов аз нақши бузург ва тақдирсози Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми фарзандони шуҷоатманди Тоҷикистон дар торумор намудани фашизм ёдовар шуда, ба Раиси вилояти Суғд бобати дастгирии пайвастаи маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат изҳори сипос намуда, фаъолияти Шӯрои вилоятии собиқадорони ҷангу меҳнатро дар миқёси ҷумҳурӣ намунавӣ арзёбӣ намуд.

— Дар вилояти Суғд ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳам маъюбон солҳои охир бештар ғамхорӣ зоҳир мегардад, — изҳор дошт Алишер Шарифов. — Алҳол фаъолияти Шӯрои собиқадорони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он хеле пурсамар буда, аъзои он дар рушду такомули ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Тавассути воситаҳои ахбори умум шоҳид гаштем, ки дар ҳар сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадороин ҷангу меҳнат, маъюбону ниёзмандонро аёдат менамоянд ва онҳоро рӯҳбаланд месозанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода арзи сипос намуд.

— Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат собиқадорони ҷангу меҳнат таҳти ғамхории ҳамешагӣ қарор доранд. Дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахусус Раиси вилоят низ ба фаъолияту рӯзгори собиқадорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Мо, собиқадорон саъю талош меварзем, то дар ободию пешрафти кишвари азизамон ва таҳкими ҳаёти осоишта, бахусус тарбияи насли втандӯсту худогоҳ саҳми амиқ гузорем, — гуфт Турсунбой Раҳматов.

Воқеан ҳам собиқадорони ҷангу меҳнат, ки инсонҳои соҳибтаҷриба ва рӯзгордида ҳастанд, нерӯи бузурганд ва қодиранд дар ташаккули ҳаёти маънавии ҷомеа ва таҳкими сиёсати давлатӣ нақши бориз дошта бошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок намуда, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафар ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво