4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони деҳаи Баравуни ноҳияи Ванҷ бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд

330
Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва намояндагони шарикони рушд сухан карданд.

Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии иншоот якуним миллион сомонӣ буда, саҳми мардум дар бунёди он назаррас мебошад. Хати оби нӯшокӣ бо усули муосир сохта шуда, барои сарфаи дурусти об ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд.

Иншооти мазкур дар доираи «Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон» оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво