28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАВАҶҶУҲ! Барои баргардонидани шаҳрвандон 13 парвози чартерии изофӣ аз Россия ба Тоҷикистон ҳамоҳанг шуда истодааст

303
Бо дарназардошти теъдоди ниҳоят зиёди муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-2019, 13 парвози чартерии изофӣ дар моҳи июли 2020 аз Россия ба Тоҷикистон, ки ҳоло бо ҷониби Россия ҳамоҳанг шуда истодааст, ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бано ба маълумоти Вазорат, дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз 19 июни соли 2020 комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Бояд хотиррасон кард, ки дар раванди танзими парвозҳои мазкур авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Россия рафта буданд, дода мешавад.

Бо дарназардошти он ки теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург аз зарфияти 21 парвози банақшагирифташуда дар моҳи июл чанд маротиба бештар аст, муваққатан баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар биноҳои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шуда, қабули аризаҳо тариқи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад.

Парвозҳои чартерии изофии зерин баъди дастрас намудани ризояти мақомоти марбутаи Русия анҷом дода хоҳанд шуд:

3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;

4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Масква – Хуҷанд, ширкати «Сомон Эйр»;

7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;

9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;

11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;

16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;

18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;

20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;

22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;

24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;

26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;

28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Тоҷик Эйр»;

30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати «Сомон Эйр»;




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво