8 октябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бостоншиносон дар Тоҷикистон ба тадқикоти мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон оғоз карданд

364
Бостоншиносон дар Тоҷикистон ба тадқикоти мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон оғоз карданд
Аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадқиқоти бостоншиносӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилоӣ манбаъ, аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875 кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб доданд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар масофаи 2 км дуртар аз якдигар ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номгир шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, дар наздикии деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Узун ҷойгир шуда, 42,5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба гуфти бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзияш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, ин мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво