24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 баррасӣ гардид

406
Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 имрӯз зимни мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Дафтари минтақавии Истамбулии БР СММ, ки тариқи онлайн — ҷаласа сурат гирфит, баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре гуфта мешавад, дар онлайн-ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 ва махсусан таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми ҳолати фавқулода ва вазъияти фавқулода, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҳуқуқ ба саломатӣ ҳангоми ташкили баргардонидани онҳо ба ватан бинобар пайдо ва паҳн шудани коронавируси нав табодули назар намуданд.

Умед Бобозода тазаккур дод, ки дар мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири бемории коронавируси нав ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дастгирии бахши хусусӣ ва аҳолӣ равона шудааст.

Иштирокчиёни онлайн — ҷаласа чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим ва самарабахш арзёбӣ карда, омодагии худро барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон изҳор доштанд ва ба тақвияти ҳамкорӣ даъват намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво