29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Данғара сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятӣ бо суръат ҷараён дорад

312
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятии панҷошёна барои 200 кат бо суръат ҷараён дорад, хабар медиҳад шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Бино ба иттилои манбаъ, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 27 июн соли равон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз беморхонаи мазкур дидан намуд.

Раиси вилоят ба аҳамияти зиёд доштани бунёди беморхонаҳои бемориҳои сироятӣ бо дарназардошти хуруҷи бемории сироятии нави коронавирус таъкид намуда, ба масъулин ҷиҳати пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба истифода додани он дастур дод.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода буданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи бемориҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2021 ба анҷом мерасад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво