ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРИ МИЛЛАТ. Андешаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
337
Охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни 20 кишвари абарқудрати Шӯравӣ аз ҳам пош хӯрд ва ҷумҳуриҳое, ки ба ҳайати он шомил буданд, пайиҳам худро мустақил эълон намуданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон 15 давлати нав пайдо шуд. Оё ин ҳодисаи таърихӣ ногузир буд ва ё чи тавре мегӯянд «он чиз ки шуданӣ буд, шуд», баҳсҳои зиёди доманадор мехоҳад ва то ҳол ва шояд садсолаҳои дигар сиёсатмадорону донишмандон сари ин масъала баҳсҳо доир кунанду сабабгорону омилҳои ин парокандашавиро ҷустуҷӯ намоянд ва ҳар яке дар доираи ҷаҳонбинию тафаккуру диди шахсӣ ва шавқу завқу салиқаи худ онро арзёбӣ намояд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо садҳо чунин абарқудратҳову империяҳо будаанду пош хӯрданд ва боз чунин хоҳад буд, яъне, «то буд чунин буд, чунин хоҳад буд». Чунин менависад проезиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ зимни як мақола, ки имрӯз пешниҳоди АМИТ «Ховар» намуд.
Дар идома академик чунин изҳори назар мекунад: — Бар асари ҳамин ҳодиса, ки ёдовар шудем, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ТОҶИКИСТОН — ватани азизи мо ҳамчун кишвари мустақил ва озод арзи ҳастӣ намуд ва тақдири минбаъдаи он ба дасти фарзандони миллати тоҷик ҳавола шуд. Ибтидои Истиқлолият Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Истиқлолият сабт гардид. Аммо баъд чӣ шуд? Ҳамватани азиз! Набояд таърихро зуд фаромӯш кард, онро бояд донист, дар гӯшаи хотир нигаҳ дошт ва аз он сабақ омӯхт. Баъдан ҳукумат ва ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд ва эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлука афтоданду (ба монанди рӯзҳои аввали ба кишвар роҳ ёфтани пандемияи коронавируси нав, ки бо тавтеаи баъзе бадхоҳони дар хориҷи кишвар қарордошта, фазои мамлакатро тарсу воҳима фаро гирифта буд) зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва хокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Кишвар мотамзада, миллат пароканда, давлат бесоҳиб, марзу бум бемуҳофиз ва дар ба рӯйи аҷнабиёни бедодгару мазҳабпарасту ғоратгар кушода шуд. Гурӯҳе ё гурӯҳаке, ки солҳо боз чунин фурсати муносиб меҷуст, бо номи муқаддаси ИСЛОМ, аммо бо сад фикру андешаи ғайримазҳабию ғайриисломӣ талоши ба сари қудрат омаданро карду билохира тобистони соли 1992 пойтахти кишварро тасарруф ва хайру баракаро аз ин сарзамин бурда, арзишу фарҳанги миллиро зери по намуда, ба пиёда намудани тарҳи хоҷагони хориҷиаш бо мақсади таъсиси як ҷумҳурии исломии мазҳабии ба мазҳаби аҷдодии мову шумо бегона даст зад. Ҳамватани азиз! Падару модар, бародарону хоҳарони ман! Ин таърих аст ва онро набояд фаромӯш намоем. Дарё — дарё хуни тоҷик рехта шуд, ҳеҷ хонае набуд, ки ҷигарбандашро, сарпарасташро, ақрабои наздикашро, дӯсту ҳамсабақу ҳамкорашро аз даст надода бошад. Яксаду панҷоҳ ҳазор фарзанди ин миллат кушта шуда, ҳазорҳо хонаву деҳоту иншооти иҷтимоӣ аз байн рафт ва аз ҳама бадтар он буд, ки риштаи умед ба оянда канда шуд. Миллате бо фарҳанги волову арзишҳои таърихӣ, гӯё ному нангро фаромӯш кард, ҳатто аз ифтихор бо «Шоҳнома»-и бузург маънии як байтро «Ба пеши бародар бародар ба ҷанг, Наёяд, агар бошадаш ному нанг»-ро сарфаҳм нарафта, бародар тир ба синаи бародари худ зад ва то моҳи ноябри соли 1992 фаро нарасид, дарки онро накард, ки «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт…». Дар ин моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостон (на дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, зеро он дар дасти силоҳдорони ғайриқонунӣ буд) иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳама умед ба ин Иҷлосия буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба он медӯхтанд, ҳар дақиқаи онро тамошо ва ба якдигар қисса мекарданд. Ва якбора шуълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромад, садои шодию сурур дигарбора фазои кишварро пур намуд, мардум гӯиё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти ТОҶИКИСТОН, ВАТАНИ АЗИЗ ВА МАРДУМИ ТОҶИК Сарвар, Роҳбар, Пешво фиристод (боз аз ҳикмати фалсафӣ ёд меорам, ки ба бахти баланди мардуми тоҷик «он чи ки шуданӣ буд, шуд»). Бовар ба он шуд, ки «Навмед набояд шудан аз гардиши айём, Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст» ва дигарбора қоматҳо рост ва чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат «Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг, Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг»-ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расиданаш сармашқи кору пайкори худ намуд ва кишварро аз ин фоҷеа раҳоӣ бахшид. Ин ҷавонмарди далеру ҷасур, абармарди дунёи сиёсат бо раҳбарию раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашид ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлоли воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуд. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи эшон барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори орому осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшиду мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ, дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекарду мекунад. Чи рӯзҳое аз сар гузаштанд Аммо баъди Иҷлосияи 16-ум чӣ рӯзҳое ба сари Роҳбару Пешвои ҷавони тоҷикон омад, на ҳамагон медонанду дарк мекунанду мефаҳманд. Имрӯз филмномаҳоро мебинему аз он рӯзҳо ёд меорем. Ҳукумат фалаҷ, дастгоҳи давлатӣ аз кор монда, кишвар дар ҳалқаи оташ, қаҳтию гуруснагӣ ё ба ибораи дигар мардум “нон мегӯяду ҷон медиҳад”, пойтахти кишвар дар дасти ғосибон ва кам касоне ҷуръат мекарданд, ки дар бари Роҳбари давлат рост истанду бори душвори давлатдорӣ ва ғуссаи он шабу рӯзро таҳаммул намоянд ва ҳама мушкилоти зиндагиро бо ҳам бинанду азобу талхии онро бо ҳам чашанд. Роҳбари ҷавон бо чанд сарсупурдаи миллат вориди Душанбе шуданд, Душанбее, ки бӯйи хун мекард, Душанбеи мотамзадаву валангору бесоҳиб, аммо Душанбеи чашминтизори Роҳбари нав. Ба Душанбе “Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд, Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.” Ҳазорон фарҳангиёну донишмандону шоирону фозилонаш тайи шаш моҳи охир дар Душанбе ғурбатзадаву дар кунҷи кулбаи худ бо як аҳволи ғарибона оҳанги мотам менавохтанду суруди мотам месуруданд, чашм ба роҳи Роҳбари худ доштанд ва “Мужда, эй дил, ки масеҳонафасе меояд”-ро мунтазир буданд ва ин мужда расид. Аммо, чи рӯзҳоеро Роҳбари давлат паси сар накарданд. Имрӯз, ки сухан аз Сулҳу суботи Ваҳдати миллӣ дорем, набояд хидматҳои беназири Пешвои миллатро дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин фаромӯш намоем ва нагӯем. Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафаркарданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳ шуд, оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор шуд, ҳазорҳо километр роҳҳову пулҳову нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва садҳо дастоварди дигар, ки бо чашми сар мебинему бо гӯши худ мешунавем, танҳо ба истиснои чанд ватанфурӯшу хоини миллат, ки то ҳол дар роҳи амалӣ намудани накшаи тарҳрезинамудаи хоҷагонашон дар роҳи аз байн бурдани амнияту суботи кишваранд ва онҳоро Рӯдакӣ ҳушдор медиҳад, ки “Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт”. Ва имрӯз шиори тамоми мардуми меҳанпарасти тоҷик ва Тоҷикистон аст, ки “Хоки мову пои душман, пас магар мо мурдаем?” аст ва “Ин давлати пуршавкату ин миллати озод Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро (хоинонро – иловаи банда)” то лаҳзае фарзандони ин миллат зиндаанд, ин сарзамин қадамгоҳи душманон ва аҷнабиён нахоҳад шуд. Оғоз ва идомаи бунёдкорию созандагӣ Ба андешаи ман, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар баръало зоҳир мегардад ва таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Махсусан, зикр намудан мехоҳам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали нахуст ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуши дохилӣ ва таъмини сулҳу субот камари ҳиммат барбастанд ва ба он ноил гардиданд. Пешвои муаззами миллат ба савганди худ ба мардуми Тоҷикистон, ки “ман ба шумо сулҳ меорам” ва “гурезаи охиринро ба ватан бармегардонам” содиқ монданд ва ин савгандро сарбаландона иҷро намуданд. Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳаммияти умумимиллӣ, балки дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи даргири ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Баъдан, эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг бо мақсади боло бурдани маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ ва варзиш ба хотири насли солим ва миллати солим аз ибтикороти ҷиддии дигари Пешвои миллат мебошанд. Маълум аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ мактабу маориф ва илму фарҳанг ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ гардид. Дар чунин шароити буҳронӣ бо ташаббуси Президенти кишвар сиёсати нави маорифу фарҳанг ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронида шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид мекунанд ва донишмандонро ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамоянд. Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд, ки китобҳои “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Забони миллат ҳастии миллат” ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон шоҳиди ин гуфтаҳост. Саҳми Пешвои миллат дар амри истиқлоли фарҳангии тоҷикон назаррас аст. Ба андешаи устоди зиндаёд, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ “Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд”. Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт. Бо мақсади бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ҷашни Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф карда шуд. Ҳамчунин таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва ғ. барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин шиносонидани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти ҷудогона дорад. Илова бар ин, қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад. Бо ташаббуси Сардори давлат зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаштаи моро ба имрӯзи мо пайванд медиҳад. Сарвари давлат ба пешрафти соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Зеро насли солим гарави миллати солим мебошад. Дарҷ кардани қисмати дигари фаъолияти пурмаҳсули Пешвои миллатро, ки дар ба вуҷуд овардани давлати ягона тавассути бунёди роҳу нақбҳо, раҳо кардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ инъикос меёбад, ҷоиз медонам. Танҳо дар замони Истиқлолият муяссар гардид, ки Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардад. Бо ибтикори Пешвои миллат дар маҷмӯъ, зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардуми минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд. Ҳамчунин дар ин муддат 270 неругоҳи барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуд ва тавассути кашидани хати интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд. Зикр намудани заҳматҳои Пешвои миллат дар роҳи боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ зарур ва саривақтист. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғ. саҳми назаррас доранд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва “Солҳои 2018-2028 об барои рушди устувор”эълон гардиданд. Ташаббусҳои созандаи эшон фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рӯзгори на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд. Ба андешаи узви парламенти Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия Ҳербет Дофман “ташаббусҳои Президент боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон аст”. Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешаи эшон ба ободкорию созандагӣ мардуми кишварро ба ояндаи неку дурахшон умедвор месозад. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан симои худро дигар карданд. Дар ин муддат садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои “Кохи Наврӯз”, “Қасри миллат”, “Китобхонаи миллӣ”, “Наврӯзгоҳ”, “Душанбе-Плаза”, “Боғи Ирам”, “Осорхонаи миллӣ”, қасри “Оли Сомон”, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ғ. дар олами худ назиру собиқа надоранд. Дар ин ҷо боз як ташаббуси созандаи Пешвои миллатро дар мавриди эълони корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданиам, ки ин ташаббус аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳамовозӣ пайдо намуд ва то баргузории ин ҷашни бузурги миллӣ дар кишвар зиёда аз сӣ ҳазор иншооти нави иҷтимоӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, ҳазорон гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда мешаванд. Ва дар фарҷом қайд намуданиам, ки дар назариёти Пешвои муаззами миллат ҳифзи ”асолати миллию динӣ”, ки хамирмояи ҷомеаи моро ташкил медиҳад, бо моҳияти ”ҷаҳонбинии илмии замони муосир” тавъам ва баробарвазн буда, ба тариқи илмӣ таҳқиқи ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ин замина ҷусторҳои нави бунёдӣ, ки рушди усулии ҷомеаи муосирро таъмин месозад, барои Тоҷикистон низ аҳаммияти умда дорад. Чунин даъват саривақтию муҳим ва аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Дастури роҳнамои Сарвари давлат ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онро ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ пазируфтан мебояд, ки давлати дунявӣ унвон шудааст. Махсусан, таъкид менамоям, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус, ҷомеаи илмии кишвар мебошад. Ва ин Паём ва дастуру супориш ва роҳнамоиҳои навбатии Пешвои миллат шаҳодат аз истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаашон мебошад, ки барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузоштааст. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфову сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон. Анҷом Албатта танҳо бо чанд ҷумлаву сафҳаву китобе тамоми мушкилию дастоварду пешрафти мамлакатро дар даврони соҳибистиқлолӣ баён намудан корест сахту сангин ва муҳол. Махсусан, хизмату заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорию созандагӣ. Хонандаи арҷманд! Бовар дорам ин ҳама хизматҳову заҳматҳо дар садҳо ҷилд рӯи коғаз меоянд, бо хатти заррин дар таърихи ТОҶИКИСТОН сабт мегарданд, имрӯзиён аз он меболанд (ба ҷуз чанд кӯрдилу кӯрчашм) ва наслҳои оянда аз он ифтихор мекунанд. Имрӯз бори дигар дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ даъват ба амал меорам, ки мардуми тоҷик бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем ва фазои сулҳу суботи кишвар ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем (агар лозим ояд бар ивази ҷони худ). Ва дар охир ба фармудаи Мавлонои Балхӣ “Шаб рафту сабӯҳ омад, ғам рафту футӯҳ омад, Хуршед дурахшон шуд, то бод, чунин бодо!”. То бод, чунин бодо!
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |