28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар шуд

251
Ба ҳолати 29 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба беш аз 10 миллион нафар расида, зиёда аз 500 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 163 172 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 454 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 10 249 470 нафар ва теъдоди фавтидагон 504 478 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 5 556 644 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 637 077 нафар), Бразилия (1 345 254), Россия (634 437), Ҳиндустон (549 197), Британияи Кабир (311 151), Испания (295 850), Перу (279 419), Чили (271 982), Италия (240 310) ва Эрон (222 669) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.



АКС: © EPA-EFE/MARTIAL TREZZINI DIGITALLY ALTERED




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво