20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶСП «Сафед-Дара» бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Лахш пойгоҳи куҳнавардӣ бунёд менамояд

369
ҶСП «Сафед-Дара» бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар заминҳои озоди ноҳияи Лахш пойгоҳи куҳнавардию сайёҳиро бо инфрасохтори муосир бунёд менамояд. Сохтмони шаҳраки нави кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвина аввали моҳи июл ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре манбаъ тазаккур медиҳад, дар шароити пандемияи COVID-19, ки дар пайи худ буҳрони шадиди иқтисодиро ба бор овард, соҳаи сайёҳии ҷаҳон ба зиёни бештар нисбат ба дигар бахшҳои иқтисоди ҷаҳон дучор шуд.

«Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали паҳншавии коронавирус дар ҳамсоякишвари Чин, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, инчунин бо мақсади таъмини амният ва бехатарии сайёҳону сокинони кишвар ба ширкатҳои сайёҳӣ муваққатан қатъ намудани хизматрасониҳоро ба сайёҳон аз кишварҳои осебпазир тавсия дода буд», — илова намуданд дар Кумита.

Дар пайи ин тавсия, аз замони пандемия эълон гардидани COVID-19, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои муқаррароти протоколҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Кумита якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорон ва ҳунармандон пайваста бо танзими риояи ҳатмии тартиб силсиламулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи татбиқи имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат фароҳамовардашуда барои рушди соҳаи сайёҳӣ ширкати ватании ҶСП «Сафед-Дара» барои бунёди пойгоҳи яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ иқдоми шоистаро рӯи даст гирифт.

Ширкати мазкур бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар заминҳои озоди ноҳияи Лахш пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳиро бо инфрасохтори муосир бунёд менамояд.

Сохтмони шаҳраки нави кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвина аввали моҳи июл ба нақша гирифта шуда, дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр бо тамоми меъёрҳои байналмиллалӣ сохта мешавад.

Пойгоҳи сайёҳии мазкур дар байни ду қулла, ки байни кӯҳнавардон бисёр машҳуранд — қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм, баландиаш 7495 метр) ва қуллаи Озодӣ (собиқ қуллаи Корженевская, баландиаш 7105 метр) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.


Ширкатҳои дигари хизматрасони сайёҳӣ имкон доранд дар доираи шартномаҳо бо ширкати «Сафед –дара» меҳмонону сайёҳони худро ба тамошои ин гӯшаи ҷолиби Тоҷикистон сафарбар намоянд.

Имрӯз объектҳои хизматрасонию сайёҳӣ ҷиҳати ташкили истироҳати хушсифат дар ҳудуди Тоҷикистон ба шаҳрвандони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҷрибаи фаъоли пешниҳоди хизматрасониҳоро дар соҳаи сайёҳӣ истифода намуда истодаанд.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки сайёҳии кӯҳӣ нисбат ба дигар соҳаҳои фаъолияти сайёҳӣ яке аз соҳаи афзалиятнок ва пешқадам ба ҳисоб меравад. Саёҳат ба мамлакатҳои кӯҳсор диққати сайёҳонро ҳамеша бештар ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон дар ҳамешагӣ намуди сайёҳии фаъолро аз кабили сайёҳии саргузаштӣ, трекинг, алпинизм, сайёҳии кӯҳӣ ва рафтингро интихоб мекунанд. Яке аз бартариятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон низ ҳамин аст, ки табиати хосаи табиӣ дорад ва дар он унсурҳои сунъӣ дида намешавад.

Ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад.

Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумат ва пеш аз ҳама, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус густариши саёҳати варзишӣ — кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Таҳия ва қабули қонуну қарорҳои соҳавӣ фароҳам овардани шароити муосир барои рушди сайёҳӣ, бахусус барои субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ додани имтиёзҳо бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз иқдомҳои дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ дар кишвар мебошанд.

Асосан соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар заминаи захираҳои табиӣ ва иқлими нотакрор инкишоф меёбад. Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, баландии он аз сатҳи баҳр дар нуқтаи пастарин 300 м ва дар нуқтаи баландтарин 7495 м ташкил медиҳад.

Ҳолати мазкур барои рушди намудҳои зимистонаи сайёҳӣ, аз ҷумла лижаронӣ ва куҳнавардӣ имконияти беҳтарин фароҳам меоварад. Бо назардошти дар миёни сайёҳони ҷаҳон машҳур гардидани минтақаҳои рекреатсионӣ, Тоҷикистон имкон дорад дар ин самт байни дигар кишварҳо мақоми хоси худро дарёбад.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳое меистад, ки метавонад аз намуди сайёҳии кӯҳӣ даромади зиёд ба даст орад, зеро 93%-и қаламрави мамлакатро кӯҳсор ташкил кардаасту табиати такрорнашаванда дорад.

Дар ин замина, бо ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардидааст, дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ки барои сайёҳон ҷолиби диққат аст, бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа барои қабулу хизматрасонии сайёҳон татбиқ гашта истодааст.

Дар шароити вазъи баамаломада вобаста ба паҳншавии пандемия Кумитаи рушди сайёҳӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҳамкорӣ намуда, барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳои афзалиятдоштаи сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида меандешад.

Масъулини соҳаи сайёҳӣ умед доранд, ки пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии мазкур ҳамчун таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии ҷумҳурӣ ба бренди байналмилалӣ миёни дӯстдорони сайру сафари Тоҷикистон шинохта мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво