4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ». Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юми ин китоб аз чоп баромад

383
Дар арафаи ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юм китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар нашриёти «Истеъдод» ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асари мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муҳаққиқ Рамазонӣ Давлатов мураттаб гардидааст.

Муллифи асар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ ба пуррагӣ маънидод намудааст.

Инчунитн мақолаҳо доир ба мавзӯъҳои Истиқлолияти энергетикӣ, ифтитоҳи НБО «Роғун», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ, дурнамои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат — об, ки дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, аз ҷониби муаллифон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво