24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТИРГОН – ҶАШНИ ОБ». Таҳти ин унвон дар нашриёти «Аржанг» китоб аз чоп баромад

418
«Тиргон – ҷашни об» таҳти чунин унвон китоби фолклоршинос ва мардумшинос Дилшод Раҳимӣ дар нашриёти «Аржанг» ба табъ расид.

Китоб хусусияти илмӣ ва оммавӣ дошта, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст. Дар пешгуфтори китоб дар бораи аҳамияти об дар ҳаёт, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди гиромидошти об дар сатҳи байналмилалӣ ва расму ойинҳои ниёгони тоҷикон дар иртибот ба обу ободонӣ сухан меравад.

Тавре муаллиф нигоштааст, «дар зиндагии ҳаррӯза, ҷашну идҳо, тӯю маросимҳои анъанавии иҷтимоӣ, кору бори соҳаҳои кишоварзию ҳунармандӣ ва ғайра об на танҳо чун неъмати маъмулии табиат, балки ҳамчун унсури рамзию эътиқодӣ мавриди корбурд қарор дорад».

Дар поёни китоб муаллиф дар бораи ҷашни Тиргон, намунаи шеърҳо дар бораи Тиргон, васфи об, феҳристи адабиёти илмӣ ва оммавии марбут ба обро ҷой додааст. Ин китоб аввалин асари илмӣ-оммавӣ бахшида ба ҷашни Тиргон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимаи аҷдодони тоҷикон маҳсуб меёбад. Ҷашни Тиргон аз даврони қадим ҳамасола дар рӯзи 13-уми Тири моҳи Тир, баробар ба 3-юм ё 4-уми июл барпо мешудааст. Онро мардум ба нишонаи эҳтироми об ва баракату фаровонӣ таҷлил мекардаанд.

Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид 23 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуданд. Ин пешниҳоди сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи глобалии ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об мебошад, ки аз ҷониби бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ пазируфта шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво