26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба шаҳри Хоруғ барқарор кард

257
Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз таътили як солу чор моҳ бо 16 нафар мусофир аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ парвоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Сарнишини тайёра Шукрихудо Додихудо иброз дошт, ки бо зиёд шудани мусофирон мо ҳамарӯза бе ягон мушкилӣ метавонем онҳоро дар кӯтоҳтарин фурсат ба шаҳри Хоруғ расонем.

Искандар Муносибов, мусофири ин парвоз гуфт, ки барқарор кардани парвозҳои доимӣ барои сокинони Кӯҳистони Бадахшон хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Зеро барои шахсони бемор ё дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, заноне ки кӯдакони хурдсол доранд, сафар бо мошини мусофирбар дар давоми 14-17 соат хеле мушкил аст.

Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки дар фаслҳои баҳору зимистон ба иллати ҷорӣ шудани селу афтодани кӯҳпора ё фаромадани тарма, мусофирон пас аз як шабонарӯз ба хона мерасанд, ки на ҳама қобилияти паси сар кардани ин мушкилиро дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво