25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторон ба каронавируси нав ба 5457 нафар расид

282

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати аз 30 апрел то соати 17:30 дақиқаи 21 июн 5457 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, то кунун дар мамлакат 3995 (72.4%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

«Дар як шабонарузи охир 61 нафар шаҳрвандоне, ки зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво