29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хоруғ: Хонандагон соҳиби стипендияи президентӣ шуданд

324
18 июн дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими супоридани стипендияи президентӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бо иштироки Раиси вилоят Ëдгор Файзов ва Ризо Назарзода муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Муухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар баробари дигар хонандагони ноҳияҳои вилоят, чор нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла, Шарифамо Одинамамадова, хонандаи литсейи Оғохон, Убод Абдураҳмонов, хонандаи МТМУ №11, Мафтуна Кабирова, хонандаи МТМУ №9 ва Давлатбегим Тавакалова, хонандаи МТМУ №5 ба гирифтани стипендияи президентӣ мушарраф гардиданд.

Дар баромади худ Ëдгор Файзов ва Ризо Назарзода муқаррар намудани стипендияи президентиро барои хонандагони болаëқат яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас баëн намуда, онҳоро ба худшиносию худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан талқин намуданд.

Дар навбати худ хонандагон ва волидайни онҳо низ баҳри зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба Роҳбарияти Олии давлат арзи миннатдорӣ баëн доштанд.

Баъди анҷоми чорабинӣ раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ гирандагони стипендияи президентиро аз шаҳри Хоруғ ба ҳузур пазируфта, баҳри интихоби касбу ихтисоси мутобиқ ба бозори меҳнат ва дар оянда хизмати софдилона намудан ба халқу Ватан ба онҳо дастуру маслиҳатҳо доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво