24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Ашт барои 620 хонанда мактаб сохта мешавад

342
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти гуногун идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд. Яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз аст, ки бо ҷалби соҳибкорон барои 620 хонанда сохта мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, лоиҳаи бино аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Ашт таҳия гардида, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 12 млн. сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии иншоот 1442,9 метри мурабаъ буда, иншоот аз се ошёна иборат мебошад.

Ҳамчунин иншооти дигари ҷашнӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар шаҳраки Шайдони ҷамоати шаҳраки Шайдон аст ва он аз тарафи Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои 360 хонанда сохта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи бино аз тарафи ҶСК «Суғд-Интис» омода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Парвина»-и ноҳияи Ашт бар уҳда дорад. Маблағи лоиҳавии иншоот зиёда аз 8 млн. 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва масоҳати умумии он 486 метри мураббаъ аст. Бинои нав сеошёна буда, дорои толори варзишӣ ва ошхона мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво