28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пули марказии ноҳияи Ёвон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад

278
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барқарорсозии пули марказии шаҳраки Ёвон, ки қисмати шарқиро бо қисмати ғарбӣ пайваст менамояд, бо маром идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд, то ҳоло 80 фоизи корҳои сохтмонии пули мазкур ба анҷом расида, корҳои боқимонда бо риояи меъёрҳои зарурии техникӣ идома дорад.

Корҳои барқарорсозии пули марказиро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Наврӯз» ба уҳда дошта, дар назар аст, ки тибқи талаботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иншооти мазкур то ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шавад. Сохтмончиёни ноҳия бо бунёд намудани ин иншоот дар соҳаи пулсозӣ таҷрибаи кофӣ андӯхта, дар оянда метавонанд ин таҷрибаи худро дар сатҳи баланд амалӣ намоянд.

Дар ноҳияи Ёвон аз 341 иншооте, ки бунёди онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз зиёда аз 210-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳоло корҳои ободкорию созандагӣ дар ноҳия бо маром идома доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво