23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19: Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас шуд

225
Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас гардид. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми Президенти мамлакат ташкилотҳои ҳамкор ва соҳибкорони маҳаллӣ чунин кумакҳоро ба беморхонаҳои ноҳия ва беморону табибон дастрас намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Насимҷон Шарифов хабар дод.

«Кумакҳои мазкур баҳри пешгирию муолиҷа аз бемории сироятии коронавирус ба беморон ва табибон пешбинӣ гардида, онҳо асосан аз хокаи хлор, гипохлориди натрий, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшак, айнак, ниқобҳои тиббӣ, музаҳои резинӣ, спирт, ҳароратсанҷ, сӯзандору, дорупошак, бистару болин, маводи сӯзишворӣ ва маводҳои озуқавориро дарбар мегиранд. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми Пешвои миллат, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби бемории коронавирус бахшиданд, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва дигар сохторҳо якрӯза маоши худро баҳри пешгирӣ аз бемории COVID-19 пешниҳод намуданд, ки дар маҷмуъ 29 ҳазор сомониро ташкил дод. Тибқи дархости маъмурияти беморхона бо ин маблағ бояд 2 адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва як миқдор дастпушакҳои резинӣ харидорӣ гардад»,-гуфт Насимҷон Шарифов.

Ҳамзамон, соҳибкори ҷамоати деҳоти Ширинчашма Холмурод Мираков, ки айни замон дар Федератсияи Россия қарор дорад, ба миқдори 100 ҳазор рубли руссӣ маводи доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, хлор ва ниқобҳои тиббӣ ба Беморхонаи марказӣ кумак кард. Ҳоло дар беморхонаҳои ноҳияи Тоҷикобод тамоми шароити зарурӣ барои қабули беморони коронавирус муҳайё гардида, беморон ба таври ройгон муолиҷа мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво