19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ЯК СОЛ МУҲЛАТ. Вокуниши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муроҷиатномаи саҳмдорони бинои сохтмонаш нотамом дар кӯчаи А. Ғуломов

246
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таъсис додани комиссияи дахлдор аз ҳисоби муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохтору ниҳодҳои марбута муроҷиатномаи саҳмдорони бинои сохтмонаш нотамоми нӯҳошёнаи истиқоматии 54-квартирадор, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, маҳаллаи 83-и пойтахтро, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Тавре муайян гардид, сохтмони бинои нотамом ҳанӯз аз соли 2012 оғоз шуда, сохтмончии асосии он — ҶДММ «Союз-сохтмон» бо роҳи қаллобӣ маблағҳои сокинони саҳмгузорро аз худ кардааст ва бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардида, ҳоло дар маҳбас қарор дорад.

Масъалаи ҷуброни зарари 67 нафар саҳмгузорон, ки маблағи наздик ба 500 000 (панҷсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, тӯли солҳо дар зинаҳои гуногуни судию иҷроиявӣ мавриди баррасӣ қарор дошт ва то ҳол ҳалли пурраи худро наёфта, сокинони мазкур бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин нагардидаанд.

Раиси шаҳр сохторҳои марбутаи шаҳрдориро муваззаф намуданд, ки бо саҳмгузорон вохӯриву суҳбат анҷом дода, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хонасозии ватанӣ сохтмони бинои мазкурро дар муҳлати 1 (як) сол ба итмом расонанд, то ки саҳмдорон бо манзилҳои ободи дорои шароити лозимаи ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои замонавӣ таъмин карда шаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво