19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 142 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд

275
Ба ҳолати 17 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 8,2 миллион шуда, зиёда аз 446 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи охирин маълумоти СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 142 557 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 6 592 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 8 263 724 буда, теъдоди фавтидагон 446 122 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.

11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.

11 март СУТ хуруҷи сирояти коронавируси нави COVID-19-ро пандемия эълон кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво