25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 8 миллион нафар наздик мешавад

271
Шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон ба 8 миллион наздик шуда, зиёда аз 435 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи охирин маълумоти СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 123 783 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 258 бемор фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 7 989 586 буда, теъдоди фавтидагон 435 491 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.

11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.

11 март СУТ хуруҷи сирояти коронавируси нави COVID-19-ро пандемия эълон кард.



АКС: Agustin Marcarian / Reuters




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво