19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарбозону афсарони Тоҷикистон дар гузашти низомии тантанавӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Москва ширкат меварзанд

264
Сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашти низомии ҷашнӣ бахшида ба иди Рӯзи Ғалаба, ки дар майдони Сурхи Москва баргузор мешавад, ширкат меварзанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Звезда» иттилоъ дода буд, дар гузашти низомӣ беш аз 14 ҳазор нафар, тақрибан 300 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ, аз ҷумла беш аз 100 ҳавопаймо ширкат мекунанд. Аз майдони Сурх дар баробари низомиёни рус ҳамчунин низомиёни хориҷӣ мегузаранд.

Дар маросими тантанавӣ дар майдони Сурх қатори сафи Тоҷикистон иборат аз 75 хизматчии ҳарбӣ, ки ба он курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозон ва афсарони баталони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, бо роҳбарии подполковник Файзимуҳаммад Ҳафиззода мегузарад.

Тавре котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зикр намуд, хизматчиёни ҳарбии зикршуда солҳои пеш дар тамоми парадҳои тантанавӣ берун аз кишвар иштирок карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки гузашти низомӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба бар фашизм 24 июни соли 2020 дар пойтахти Россия доир мегардад. Маҳз дар ин рӯз, 75 сол қабл, 24 июни соли 1945, аввалин гузашти низомӣ ба ифтихори Ғалаба дар Майдони Сурхи Москва баргузор шуда буд. Онро Константин Рокоссовский фармондеҳӣ карда, Георгий Жуков қабул намуда буд.

ДАР АКС: низомиёни Тоҷикистон дар майдони Сурхи Москва 9 майи соли 2015 ҳангоми гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба. Акс аз бойгонӣ.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво