Дар Душанбе ва Суғд корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд
333
8 июн гурӯҳи безараргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, иборат аз 15 нафар бо 3 мошин, 10 дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятӣ, гурӯҳи безараргардонии Раёсати шаҳри Душанбе дар кӯчаи А.Дониш хонаҳои №12, 12/1, 14, 14/1, 16, 16/1, 18, 20/1, 20/2, 20/3, 20/4, 20/5, 20/6 ва кӯчаҳои С.Шарипов 1, 1а, 2, 4, 4/1, 5, 11, 12, 13, 14, 15 бо истифода аз маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузарониданд. Дар маҷмӯъ рӯзи гузашта барои безараргардонӣ дар кӯчаҳои зикршуда 10 000 литр маҳлули гипохлориди натрий истифода карда шуд. Бо вуҷуди эълони он ки пастшавии сироят аз COVID-19 ба мушоҳида расида, ҳолатҳои мубталошавии шаҳрвандон кам мешавад, вале Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳушдор медиҳад, ки набояд хотирҷамъ буд. Қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддан бояд риоя шаванд. Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно бо поккориҳо дар кӯчаву хиёбон, биноҳои истиқоматии шаҳрвандон, идораву муассисаҳо идома медиҳад ва ҳамарӯза даҳҳо тонна маводҳои кимиёвиро сарфи мубориза бо COVID-19 мекунад. Дар вилояти Суғд низ ҳамарӯза бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят ва бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар ҳавлию хонаҳои баландошёна корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешаванд. Дар як рӯз аз ҷониби кормандон беш аз 20 адад хонаҳои баландошёна тамизкорӣ мегарданд. Аз 1 то 7-уми июн аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат 594 даромадгоҳи 124 бинои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаҳои 33, 34, 20, 18, 8, 12; 124 ҳавлиҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои Ҳабитат, А.Фирдавсӣ, Ҳ.Карим ва Танбурӣ поккорӣ шуданд. Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур инчунин аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо раисони маҳаллаҳо, шахсони масъул корҳои тарғиботӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи маводҳои антисептикӣ, ҳар чӣ бештар шустани дастон бо собун, истифодаи бандинаҳои тиббӣ, кам кардани гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба тавсияҳои Кумита, Вазорати тандурустӣ амал намудан, ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт намудан, бо риояи фосила ва дигар қоидаҳои бехатарӣ ва ғайра суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Корҳои безараргардонӣ ва тарғиботӣ дар вилояти Суғд идома доранд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |