20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба табибони Маркази тибби оилавии ноҳияи Рошқалъа лавозимоти тибби кумак намуд

272
Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов дар доираи як иқдоми неку башардӯстонаи таҳти шиори «Шифо ва ҳамдилӣ» ба табибони Маркази тибби оилавии ноҳияи Рошқалъа дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳои пластикӣ, маводҳои зиддибемориҳои сироятӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ирсол намуд. Ба гуфтаи директори Маркази таълимию клиникии тибби оилавии Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нурбибӣ Азизова, дар паи иқдоми саховатмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба табибону беморони сироятёфта, соҳибкорони ватанӣ аз худ иқдоми наҷиб нишон дода, дасти мададро ба табибон дароз намуданд. Ҳоло қариб ҳамарӯза аз ҳар гӯшаву канори мамлакат кумакҳои ғизоӣ, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба унвони беморхонаҳои шаҳрию вилоятӣ ва минтақавӣ фиристода мешаванд.

“Кумаки навбатӣ ва хеле зарурию саривақтиро аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов гирифтем. Кумаки мазкур аз ду адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксигенератор, 400 дона ниқобҳои пластикӣ, беш аз 200 дона ниқобҳои яккарата, зиёда аз 600 адад либосҳои муҳофизатӣ, айнакҳо ва маводҳои зиддисептикӣ иборат мебошанд. Ман аз номи кормандони техникию тиббии Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин соҳибкори муваффақи кишвар сипосу эҳтироми беандозаи худро баён месозам”,- гуфт Нурбибӣ Азизова.

Ҳоло дар маркази тибби оилавии вилоят 63 нафар табибон ва 325 нафар ҳамшираҳои шафқат фаъолият доранд. Ба гуфтаи табибон маҳз чунин ҳамбастагию иттиҳод буд, ки ба аксарияти беморони сироятёфта сари вақт кумаки тиббӣ расонда шуд ва пас аз шифо ёфтан онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Ҳоло дар беморхонаи ноҳия танҳо се нафар аз беморон боқӣ мондаанд, ки рӯзҳои наздик ба хонаҳояшон бармегарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво