COVID-19. Табибони Полша барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон омаданд
340
Шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша иборат аз 16 нафар ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Табибонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода истиқбол гирифт. Онҳоро дар ин сафар ҳамчунин се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамроҳӣ мекунанд. Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки баъд аз ташрифи ҳайати техникии СУТ ба Тоҷикистон 1-11 майи соли равон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби коршиносони Бюрои минтақавии СУТ ҳисобот ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Яке аз он тавсияҳо даъвати гурӯҳҳои сайёри фавқулодда бо мақсади фаъолияти якҷоя бо мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон буд. Ёдовар мешавем, ки охири моҳи майи соли равон бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Чин — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 аз Чин ба пойтахти мамлакат ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ — 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти болозикр зиёда аз 3000 реагенти кислотаи нуклеин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд. Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тиббии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 ва муолиҷаи гирифторони ин беморӣ пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута тамоми талош ва кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии бемории вируси нави COVID-19 равона карда истодаанд, то ҳарчӣ зудтар пеши роҳи он гирифта шавад. АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |