25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Шумораи беморони аз коронавирус шифоёфта дар ҷаҳон ба 3 миллион нафар наздик мешавад

343
Ба ҳолати 1 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 108 ҳазору 767 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 263 ҳазору 911 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 846 ҳазору 813 кас шифо ёфтаанд ва 373 ҳазору 899 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 837 170 нафар), Бразилия (514 992), Россия (405 843), Испания (286 509), Британияи Кабир (274 762), Италия (232 997), Ҳиндустон (190 609), Франсия (188 882), Германия (183 494) ва Перу (164 476) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (599 867 нафар), Бразилия (206 555), Испания (196 958), Россия (171 883), Германия (165 200), Италия (157 507), Туркия (127 973), Эрон (118 848), Ҳиндустон (91 852) ва Чин (78 307) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (106 195 нафар), Британияи Кабир (38 489), Италия (33 415), Бразилия (29 341), Франсия (28 802), Испания (27 127), Мексика (9 930), Белгия (9 467), Германия (8 605) ва Эрон (7 797) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво