25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе мулоқоти мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид

330
28 май дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» вохӯрии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омада, баҳри пешгирӣ ва табобати беморони сироятии коронавируси нави COVID-19 бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

То имрӯз мутахассисони соҳаи тибби Чин ба як зумра муассисаҳои тандурустии мамлакат рафта, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави COVID-19—ро бо мутахассисони соҳаи тибби ҷумҳурӣ баррасӣ намудаанд.

Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур роҳбарони якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки 24 майи соли равон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 ба шаҳри Душанбе омаданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво