20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба табибон ва оилаҳои ниёзманд кумак намуданд

288
Дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Хайрулло ва Зоир Раҳмонзода ҷиҳати дастгирии табибони ҷумҳурӣ, ки дар набард бо «вабои аср»- COVID-19 дар сафи аввали мубориза қарор доранд, иқдоми хайрхоҳона анҷом доданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилони мардумӣ аз ҳисоби маоши худ дар ин рӯзҳои мушкил ба беморхонаҳои ноҳияи Фархор ва оилаҳои ниёзманд 11 ҳазору 500 дона ниқоб, беш аз ҳазор дона маҳлулҳои зиддивирусӣ, 150 баста либоси махсуси тиббӣ, инчунин миқдори зиёди дастпӯшҳои бисёркарата, айнакҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак намуданд.

Иқдоми хайрхоҳонаи вакилон дар ҳоле амалӣ шуд, ки аз 29 апрели соли равон бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ ошкор шуда, то имрӯз беш аз 3 ҳазор шаҳрвандон ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Инчунин дар доираи иқдомҳои нек аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор Зоир Раҳмонзода ба сокинони ноҳия Панҷи вилояти Хатлон кумакҳои тиббӣ дастрас гардид. Ин кумакҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки «Панҷ», ҷамоатҳои деҳоти «Нури Ваҳдат», «Озодагон» ва Кабут Сайфиддин аз тариқи аксияи ҳизбии «Тозагӣ – гарави саломатист!» пешниҳод шуданд, ки дар он 1850 адад ниқоб, 520 адад дастпӯшакҳои муҳофизатӣ, 690 адад маводи антисептикӣ ва дигар маводи зиддивирусӣ тақсим карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво