5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи беморони аз COVID-19 шифоёфта дар Тоҷикистон беш аз 1300 нафар гардид

358
То соати 16:30 дақиқаи 24 май дар Тоҷикистон 2929 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1301 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, шумораи ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус 2 нафар зиёд шуда, ба 46 кас расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

То имрӯз дар мамлакат 2772 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 565 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.



ДАР АКС: ҷараёни рухсат шудани шаҳрвандон пас аз шифо ёфтан аз беморхона. АКС аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво