19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табибоне, ки дар чунин рӯзҳои вазнин ба мардум содиқона хизмат мекунанд, изҳори сипос намуданд

286

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати иди Фитр ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин ба мардум содиқона хизмат карда истодаанд, изҳори сипос намуданд.

«Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям», — гуфтанд Сарвари давлат.

Пешвои миллат тазаккур доданд, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем, ба хотири таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани азизамон аҳлона саъю талош намоем.

Хотиррасон менамоем, ки бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар 85 муассисаи тибби ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар табибон ва 25 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд.

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии амлакат 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво