6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар арафаи иди саиди Фитр садҳо нафар ниёзмандон кумак гирифтанд

398
Рамазон на танҳо моҳи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза, балки фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандии ниёзмандон низ ҳаст. Аз ин ҷиҳат, садақаи Фитрро яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дӯстию муҳаббат дар байни мусулмонон ҳисобидан мумкин аст. Садақаи Фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рӯзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Дар ҳадис омадааст, ки беҳтарини он «садақаест, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дошт, садақаи Фитрро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон ихлосмандона пеш аз намози ид адо мекард.

Тавре имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошии хеш ба муносибати иди Фитр иброз доштанд раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад.

«Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар доираи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Тоҳир Ҳукматов ба 280 нафар оилаҳои камбизоати минтақаи 54 ва маҳаллаи «Борбад» — и ноҳияи Сино кумак иборат аз озуқаворӣ, аз қабили орд, пиёз, картошка, шакар, биринҷ, тухм, равған ва маводи антисептикӣ расонид.

Тоҳир Ҳукматов изҳори омодагӣ намуд, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ чунин иқдомҳоро роҳандозӣ менамояд.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон, нафароне, ки ба бемории сироятии коронавирус мубтало ва шахсоне, ки ба карантин фаро гирифта шудаанд, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат 7 адад мошини пурбор бо 40 тонна маводи озуқа ва доруворӣ ба маркази шаҳри Роғун ворид гардид.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Абдулмумин Худойдодов хабар дод, сараввал табибон, беморон ва тамоми шахсони дар карантин қарордошта бо маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз, марҷумак таъмин карда шуданд.

Соҳибкорони шаҳри Роғун низ дар партави иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат барои расонидани кумак ба кормандони беморхонаи марказӣ ва минтақавӣ бахусус шуъбаи сироятӣ саҳмгузор мебошанд. То имрӯз бо кумаку дастгириҳои соҳибкорони маҳаллӣ 1 адад нақлиёти хизматӣ ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ба беморхонаи марказӣ ворид карда шуда, дигар маводи зарурӣ, аз қабили рахти хоб, курпаю болишт, рӯйпӯшҳо, маводи шӯстушӯӣ, таҷҳизоти анҷоми ошхона ба шуъбаи сироятӣ ба маблағи 32 ҳазору 500 сомонӣ даастрас карда шудааст. Дар ин радиф беморхонаи минтақавии шаҳраки Оби Гарм бо ҷалби соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ бо маблағи 383 ҳазор сомонӣ, ки аз ин 147 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 236 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон аст, таъмири асосӣ карда шуд. Илова бар ин, бо мақсади пурзӯр намудани омодагиҳо ба соҳаҳои тандурустии шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ беш аз 282 ҳазор 500 сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 384 ҳазору 500 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво