29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Тоҷикистон: тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои дорусозӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳои маводи доруворӣ воридкунанда ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаронида шаванд

361
Тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои дорусозӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳое, ки ба Тоҷикистон маводи доруворӣ ворид менамоянд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузашта, талаботи аҳолии мамлакатро ба маводи доруворӣ ва таҷҳизоту ашёи тиббӣ сари вақт таъмин намоянд. Супориши мазкур дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ, ки имрӯз баргузор гардид, дода шуд.

Президенти мамлакат ҳамчунин тазаккур доданд, ки табиати Тоҷикистон тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш ва барои саноати дорусозӣ заруриро ба мо ройгон додааст, вале то ҳол корхонаҳои дорусозие надорем, ки дар шароити баста будани марзҳо ва манъи рафтуомад бо кишварҳои хориҷӣ талаботи мардумро қонеъ намоянд.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муваззаф гардид, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро таҳия карда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво