19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ОФАТИ ТАБИӢ. Бар асари боронҳои шадид дар ноҳияи Хуросон 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст

391
Бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, XVIII Партсъезд ва Хуросони ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин рустои Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад, ки дар натиҷа 338 хонаи истиқоматӣ зарар дид. Аз ҷумла 14 хона пурра ва 1 хона қисман хароб шуданд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 14 май кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва техникаҳои махсус бо мақсади роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи осебдида сафарбар карда шуданд. Инчунин барои корҳои барқарорсозӣ 200 литр сӯзишвории дизелӣ, эксковатор ва мошини борбардор равона шуданд.

Бо талоши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон то имрӯз 28 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз лойоба тоза гардида, корҳои дигари бартарафсозӣ идома доранд.

Инчунин 35 хайма барои ташкили шаҳраки муваққатии хайманишинон ҷудо шуда, хонаводаҳое, ки ҷойи рафтан надоштанд, дар он ҷойгир карда шуданд.

18 май Комиссияи ҳукуматӣ бо сарварии ҷонишини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз ноҳияи офатрасида дидан намуд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи фаврӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва намояндагони хонаводаҳои зарардида масъалаҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво